Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО нерӯҳои вокуниши сареъ ташкил мекунад


Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки кишварҳои узви Паймон дар нишасти Уэлс дар бораи таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ дар посух ба таҳдидҳо аз сӯи Русия ба мувофиқат расиданд. Ӯ гуфт, ки ягон кишвари сеюм, ки узви НАТО нест, ҳаққи вето гузоштан ба тасмими густариши Паймони НАТО-ро надорад.

Дабири кулли НАТО афзуд, ки нерӯҳои вокуниши сареъ аз ҷузъҳои пиёдагард, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва ҳарбӣ баҳрӣ иборат хоҳад буд.

Аҳли нишаст ҳамчунин бастаи чораҳоеро пазируфтанд, ки барои Гурҷистон имкони пешрафт дар роҳи узви НАТО шуданро муҳайё хоҳад кард. Ҷаноби Расмуссен гуфт, ки "Гурҷистон мехоҳад тавонои худ барои фаъолият ва фаъолият бо нерӯҳои НАТО-ро беҳтар кунад. Гурюистон дар ин роҳ гомҳои хубе бардоштааст ва аммо метавонад корҳои бештарро анҷом диҳад".

Аз ин пеш сарони НАТО мавзӯи таъсиси бунёдҳо ба хотири таҳкими нерӯи дифои Украина ва барои ниёзмандиҳои низомиёни ин кишварро, ки дар задухӯрдҳо дар Донбасс маҷрӯҳ шудаанд, ҳамоҳанг карданд.

XS
SM
MD
LG