Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ва ҷудоихоҳон дар бораи оташбас ба созиш расиданд


Намояндагони Украина ва ҷудоихоҳони рустабор рӯзи ҷумъа дар музокироти “гурӯҳи тамос” оид ба бӯҳрони Украина дар бораи оташбас дар Донбасс аз соати 18-и шоми рӯзи 5 сентябр ба созиш расиданд.

Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеи наздик ба музокирот иттилоъ дод. Нишасти “гурӯҳи тамос” дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, баргузор шуд. Бар пояи хабарҳо, ҷонибҳо протоколи иборат аз 14 нуктаи муҳим, аз ҷумла, табодули асиронро, имзо карданд.

Дар гуфтушуниди Минск раисиҷумҳури пешини Украина Леонид Кучма, сафири Русия дар Киев Михаил Зурабов, фиристодаи вижаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳайди Талявинӣ, намояндагони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск Александр Захарченко, Андрей Пургин ва Игор Плотнитский ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG