Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борону обхезӣ боиси ҳалокати даҳҳо нафар дар Покистон шуд


Бар асари боронгариҳои шадид ва обхезӣ дар вилоятҳои Панҷоб ва Кашмири Озод, воқеъ дар шимолу шарқи Покистон, даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти изтирории кишвар рӯзи 5 сентябр ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки дар ин ду вилоят тайи шабонарӯзи гузашта дасти кам 35 нафар ҷон бохтанд. Як рӯз пеш дар бораи ҳалокати тақрибан 50 нафари дигар бар асари боронгариҳои шадиду паёпай хабар расида буд.

Шаҳрдории Равалпиндӣ, воқеъ дар канори Исломобод, рӯзи ҷумъа, баъди боло рафтани сатҳи оби рӯдхона, ба кӯчонидани мардуми манотиқи осебпазир шурӯъ карданд.

Соли 2010 бар асари боронгариҳову обхезӣ дар Покистон тақрибан 1800 нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG