Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро эълон мекунад


Сукут ба ёди қурбониёни ҷанг дар Украина дар нишасти НАТО дар Уэлс
Сукут ба ёди қурбониёни ҷанг дар Украина дар нишасти НАТО дар Уэлс

Сарони кишварҳои узви НАТО рӯзи ҷумъа, 5 сентябр, дар нишаст дар Уэлс, бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро дар робита ба бӯҳрон дар Украина эълон мекунанд. Рӯзи панҷшанбе, дар рӯзи аввали нишаст, ширкаткунандагон мавзӯи таъсиси бунёдҳо ба хотири таҳкими нерӯи дифои Украина ва барои ниёзмандиҳои низомиёни ин кишварро, ки дар задухӯрдҳо дар Донбасс маҷрӯҳ шудаанд, ҳамоҳанг карданд.

Ҳайатҳои ИМА ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки таҳримҳо алайҳи Маскав – посух ба афзоиши чашмраси кӯмаки низомии Русия ба ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина аст.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи панҷшанбе дар робита ба натоиҷи машваратҳои сеҷониба дар Минск оид ба ҳалли бӯҳрон дар Украина изҳори “хушбинии эҳтиёткорона” кард. Қарор аст, рӯзи ҷумъа дар нишасти гурӯҳ, ки ба он ҷудоихоҳон ва намояндагони Украина, Русия ва Созмони аминят ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомиланд, дар бораи оташбас дар шарқи Украина созиш ҳосил шавад.

Ба иттилои СММ, бар асари задухӯрдҳо дар шарқи Украина дар панҷ моҳи ахир беш аз 2600 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG