Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳунарпешаи машҳури замони Шӯравӣ Донатас Банионис


Ҳунарпешаи машҳури давраи шӯравӣ Донатас Банионис дар синни 90-солагӣ дар Вилнюс даргузашт. Вай соли 1924 дар Каунаси Литвониё ба дунё омада, нахустин нақши худро дар синемо дар соли 1959 дар филми “Адам одам будан мехоҳад” бозидааст. Аммо шӯҳрати ҷаҳониро ба ӯ филмҳои “Касе мурдан намехост”, “Мавсими мурда” ва “Соларис” овардаанд. Ба сурати умум Банионис дар зиёда аз 70 филми замони шӯравӣ нақш бозидааст. Ӯ ҳамчунин берун аз шӯравӣ низ дар филмҳо бозидааст, аз ҷумла дар филми олмонӣ бахшида ба оҳангсоз Людвиг ван Бетҳовен.

XS
SM
MD
LG