Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: "Русия Украинаро ҳадафи ҳамла қарор додааст"


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Андрес фоғ Расмуссен дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узв гуфт, “Русия Украинаро ҳадафи ҳамла қарор додааст” ва бо вуҷуди тарҳи оташбас, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кардааст, бесбуотиро дар шарқи Украина идома медиҳад. Расмуссен афзуд, барои Украина на сухан, балки амали Русия муҳим аст. Вай гуфт, сарони НАТО дар нишасти Уэлс барои рафъи таҳдидҳои ин бӯҳрон иқдом мекунанд, аз ҷумла бо таҳияи “нақшаи омодагии амалӣ” барои иваз кардани нерӯҳои паймон дар баъзе аз пойгоҳҳои шарқии НАТО. Сарони НАТО ҳамчунин бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко мулоқот мекунанд, то эъломияи мушӯтарак нашр намуда, қадамҳои мушаххаси таҳкими ҳамкорӣ бо Украинаро пайрезӣ кунанд. Расмуссен ҳамчунин гуфт, паймон дархости ёрии ҳукумати Ироқро дар ҷанги зидди пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ ҷиддан баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG