Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти рӯбарӯи ҳайатҳои Амрико ва Эрон дар Женева


Ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар як гуфтшунид дар Женева барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ҳайати ин кишварро ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Вилём Бурнс, ёвари вазир дар умури сиёсӣ Вэндӣ Шермон ва мушовири аршади вазорат Ҷекоб Саливан раҳбарӣ мекунанд. Қарор аст, гуфтшунид рӯзҳои чаҳорум ва панҷуми сентябр баргузор шавад. Ин машварат бахше аз талошҳои шаш қудрати ҷаҳонӣ -- Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон барои ғайритаслиҳотӣ кардани барномаи ҳастаии Эрон аст. Ва то 24-уми ноябр дар ин созиш бояд санади ниҳоӣ ба имзо расида, таҳримҳои зидди Эрон бар сари барномаи ҳастаии он бекор шаванд.

XS
SM
MD
LG