Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз Украина ва ҷудоихоҳон хост, ба даъвати Путин гӯш диҳанд


Вазири умури хориҷии Русия, Серегй Лавров, аз Украина ва ошӯбгарони рӯ ба Русия хост, ба даъвати раисиҷумҳури Русия дар мавриди оташбас ва қатъи низоъ гӯш диҳанд. Владимир Путин, рӯзи 3-юми сентябр тарҳи сулҳро пешниҳод кард, ки бино бар он ҷудоихоҳон бояд ҳуҷуми худро қатъ кунанд ва нерӯҳои давлат аз мавзеъҳои ақиб кашида шаванд, ки натавонанд, нуқоти аҳолинишинро гулӯлаборон намоянд. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, аз паймони низомии НАТО тақозо кард, ки дар тақвияти артиши Украина кӯмак кунад ва барои муқобила “ба таҷовузи Русия” дарро барои қабули аъзои нав боз гузоранд. Барак Обама дар ин бора дар шаҳри Таллин, пойтахти Эстония рӯзи 3-уми сентябр сухан гуфт. Барак Обама аз инҷо барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО ба Уэлс меравад. Барак Обама Русияро ба “ҳамлаи бешармона” ба Украина, ки бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷангад, муттаҳам кард ва гуфт, ки НАТО бояд ба Украина паёми возеҳ бидиҳад, ки аз он ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG