Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз НАТО хост, ба Украина кумак кунад


Барак Обама, аз паймони низомии НАТО тақозо кард, ки дар тақвияти артиши Украина кӯмак кунад ва барои муқобила “ба таҷовузи Русия” дарро барои қабули аъзои нав боз гузоранд. Барак Обама дар ин бора дар шаҳри Таллин, пойтахти Эстония рӯзи 3-уми сентябр сухан гуфт. Барак Обама аз инҷо барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО ба Уэлс меравад. Барак Обама Русияро ба “ҳамлаи бешармона” ба Украина, ки бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷангад, муттаҳам кард ва гуфт, ки НАТО бояд ба Украина паёми возеҳ бидиҳад, ки аз он ҳимоят мекунад. Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида тамрини сарбозону кӯмак ба артиши Украинаро идома медиҳад. Барак Обама ҳамчунин гуфт, НАТО бояд дар тақвияти қудрати дифоии Белорус ва Молдова ба ин ду кишвар мадад расонад.

XS
SM
MD
LG