Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин нақшаи оташбас дар Украинаро "кашидааст"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, умедвор аст, ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳон дар музокироти рӯзи 5-уми сентябр дар бораи оташбас ва барномаи хотимаи ҷанг ба созиш мерасанд. Владимир Путин, рӯзи сеюми сентябр гуфт, ки ҳарду тараф бояд бар тибқи созиши оташбас “амалиётҳои ҷангии фаъолро” бас кунанд ва нерӯҳои Украина ҳамла бо артиллерия ба ғайринизомиёнро хотима диҳад. Ӯ афзуд, нерӯҳои давлатии Украина ҳамчунин бояд аз минтақаҳое ақибнишинӣ кунанд, ки аз онҷо метавонанд, ғайринизомиёнро ҳадаф бигиранд. Владимир Путин ба хабарнигорон гуфт, ҳангоми парвоз ба Муғулистон ва баъди гуфтугӯи телефонӣ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина барномаи ҳафтбандии оташбасро кашидааст. Ӯ афзуд, ки назараш бо дидгоҳҳои Порошенко дар робита ба пайдо кардани роҳҳи ҳалли муноқиша бисёр наздик будааст. Ба қавли раиси ҷумҳури Русия, созиши оташбас табодули асирон, боз кардани гузаргоҳ барои расонидани кӯмакҳои башарӣ ва назорати байналмилалии ин созишро дар бар мегирад. Дар ҷанги ҷудоихоҳони Русиягаро бо нерӯҳои ҳукуматии Украина дар шарқи ин кишвар то кунун бештар аз 2600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG