Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Қотилони хабарнигорон ҷазояшонро мегиранд"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ ҳушдор дод, ки барои қатли ваҳшиёнаи хабарнигорони амрикоӣ сазои корашонро хоҳанд дид. Аммо ӯ нагуфт, ки Амрико барои маҳви ин гурӯҳ дар қаламрави Сурия онҳоро аз ҳаво ҳадаф хоҳад гирифт ё не. Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар Эстония рӯзи 3-уми сентябр гуфт, ки сар буридани Стивен Сотлофф хабарнигори амрикоӣ “амали ваҳшатангез” аст ва афзуд, Давлати Исломӣ хоҳад фаҳмид, ки дасти Амрико “дароз аст” ва қотилон ҷазои корашонро хоҳанд гирифт. Навори қатли Сотлофф рӯзи 2-уми сентябр нашр шуд. Барак Обама гуфт, ҳадафи Амрико ин аст, ки Давлати Исломӣ “хатари мудавом ба минтақа набошад.” Дар посух ба ин суол, ки Амрико дар дохили Сурия ба Давлати Исломӣ зарба хоҳад зад, Барак Обама гуфт, кишвараш ҳамчунон талошҳои байналмилалӣ барои мубориза алайҳи идеологияи пучи Давлати Исломиро раҳбарӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG