Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Порошенко телефонӣ гуфтугӯ кардаанд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, муноқиша дар ин кишварро баррасӣ кардаанд ва ба гуфтаи ҳукумати Русия “назарҳои ду тараф” дар бораи ҳалли бӯҳрон ба ҳадди зиёд мувофиқ омадааст. Хабаргузориҳои Русия рӯзи 3-уми сентябр аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин навиштаанд, “раҳбарони ду кишвар аввал дар бораи ҳарчӣ зудтар хотима додан ба хунрезӣ дар шимолушарқи Украина” табодули назар кардаанд. Ба қавли ӯ, назарҳои ду тараф дар бораи роҳҳои эҳтимолии ҳалли бӯҳрон бисёр наздик аст. Владимир Путин ва Петро Порошенко ҳафтаи гузашта дар шаҳри Минск дар бораи низоъ дар Украина гуфтугӯ карданд, вале натиҷае аз он ҳосил нашуд. Дар ҷанги ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо нерӯҳои давлатии Украина аз моҳи апрел то кунун бештар аз 2600 нафар кушта шуданд. Муноқиша рӯзҳои ахир миёни ду тараф авҷ гирифт ва Украина мегӯяд, ки нерӯҳои Русия дар ин ҷанг ба ҷудоихоҳон кӯмак мекунад. Русия ин иддаоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG