Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми гушоиши терминали нави фурудгоҳи Душанбе


Имрӯз, 3 сентябр бо анҷоми як маросим терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар маросими ифтитоҳи терминали нав Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаи Фаронса ва ширкати Vinci.S.A. ширкат карданд.

Терминали нави фурудгоҳи Душанбе бар пояи 39 миллион евро сармоягузорӣ, ки 20 миллионашро Фаронса додааст, сохта шуд. Терминали нав дар як соат метавонад ба 500 мусофир хидмат бирасонад.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва Фаронса дар моҳи апрели соли 2009 ба имзо расида буд. Иҷрои ин лоиҳа дар аввал ба ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group супурда шуд, аммо дар оғози соли 2010 ба далели ихтилофи назарҳо дар масоили сохтмонӣ бунёди терминал аз ҷониби ин ширкатҳо мутаваққиф шуд. Аммо дар ниҳоят, миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Фаронса созишномаи иловагӣ ба имзо расид ва ҳиссаи маблағи корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Тоҷикистон аз 7 миллион ба 19 миллион евро афзоиш дода шуд. Баъди ин дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 ширкати фаронсавии Vinci.S.A. ба сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе идома дод.

Ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи Душанбе ба ҷашни Рӯзи ҳавонавардони Тоҷикистон рост омад. Бо вуҷуди баргузории маросими расмии ифтитоҳаш, терминали нав аз моҳи октябр амалан ба фаъолият сар мекунад.

XS
SM
MD
LG