Даҳҳо пайвандони сарбозоне, ки моҳи июн ба асорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” уфтода буданд, рӯзи сешанбе, 2 сентябр, муқовимати муҳофизонро шикаста, вориди бинои парлумони Ироқ шуданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Ироқи Озод, бахши ироқии Радиои Озодӣ аз Бағдод, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди онҳо ба толори парлумон гурӯҳи вокуниши сареъ даъват шуд. Ин гурӯҳ ба эътирозгарон аз эҳтимоли истифодаи нерӯ ҳушдор дод ва аз онҳо хост, ки биноро тарк намоянд. Дар бораи бархӯрд миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон иттилоъ нарасидааст.
Эътирозгарон аз мақомот хостори рӯшан кардани сарнавишти сарбозоне шудаанд, ки ба рӯйхати ғайбзадаҳо шомиланд. Ин сарбозон ҳангоми ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба шаҳри Тикрит, воқеъ дар шимоли кишвар, асир уфтода буданд.
Қарор буд, ки вакилони парлумони Ироқ дар ҷаласаи рӯзи сешанбе, аз ҷумла, мавзӯъи таъсиси ҳукумати нав ва буҷаи давлатиро баррасӣ кунанд.