Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои Украина дар Луҳанск ақибнишинӣ карданд


Артиши Украина гуфт, нерӯҳои давлатӣ пас аз ҷанг бо ҷудоихоҳони Русиягаро аз фурудгоҳи шаҳри Луҳанск ақибнишинӣ кардаанд. Андрей Лисенко, сухангӯи артиши Украина, рӯзи якуми сентябр гуфт, нерӯҳои давлатӣ баъди ҳамлаи сахти артиллерияи “афроди мусаллаҳи нерӯҳои Русия” ба таври созмонёфта аз фурудгоҳ ақибнишинӣ карданд. Пештар аз ин мақомоти Украина, Русия ва ҷудоихоҳон бо ҳузури намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шарҳи Минск пойтахти Белорус, муноқиша дар Украинаро баррасӣ карданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо дар ин нишаст сари як созиши оташбаси беқайду шарт ва фаврӣ ба мувофиқа бирасанд. Аз моҳи апрел ва баъди оғози ҷанг миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Украина то кунун 2600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG