Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф бо генерал Роҳил Шариф мулоқот кард


Ба думболи ишғоли бинои телевизиони давлатии Покистон аз тарафи тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ, нахуствазир Навоз Шариф бо генерал Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон мулоқот кардааст. Рӯзи 1-уми сентябр садҳо нафар аз ин тазоҳургарон ба бинои ПИ ТИ ВИ телевизиони давлатии Покистон ворид шуданд ва пахши барномаҳои онро барои муддате боздоштанд, аммо баъдан низомиёни Покистон тазоҳургаронро аз бинои телевизион бе ҷангу ҷанҷол берун карданд. Субҳи душанбе миёни маъмурони пулис ва тазоҳургарон дар наздикии қароргоҳи Навоз Шариф дар Исломобод задухӯрд ба вуқуъ пайваст. Чанд ҳафта аст, ки ҳазорон нафар дар шаҳри Исломобод ба раҳбарии Имрон Хон, сиёсатмадори мухолифи давлат ва Тоҳир Қадрӣ, як рӯҳонии шӯҳратталаб тазоҳурот доранд ва мехоҳанд, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Артиши қудратманди Покистон аз ҳукумат ва мухолифонаш хост, ки ихтилофоти назарашонро рафъ кунанд, аммо айни замон гуфт, ки амният дар кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG