Кормандони Оҷонсии зидди фасоди майори милиса Нуриддин Ҷӯраев, ваколатдори калони гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи ВКД дар Норакро барои тамаъҷӯӣ боздошт кардаанд. Дафари матбуоти Оҷонсии зидди фасод имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки майори милиса Нуриддин Ҷӯраев дар ивази рӯйпӯш кардани ҷинояти як сокини ноҳияи Норак 500 доллар талаб кардааст, ки дар ҳафтаи гузашта аз тарафи кормандони Оҷонсӣ боздошт шудааст. Тавре Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, як сокини шаҳри Норак бо насаби Икромов ба Раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон ариза пешниҳод кардааст, ки корманди шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ бо номи Нуриддин Ҷӯраев бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабии худ, барои ба қайд нагирифтан ва руйпуш намудани ҷиноятӣ додарзодааш, ки марбут ба қочоқи маводи мухаддир мебошад, 500 доллар ҳамчун ришва талаб кардааст. Вале дар натиҷаи як амалиёти фаврии кормандони Оҷонсӣ дар ҳафтаи гузашта, майори милиса Нуриддин Ҷӯраев бо 300 доллар дастгир карда шудааст. Феълан нисбати майор Нуриддин Ҷӯраев парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷинояти, яъне "қаллобӣ" боз карда шудааст. Майори милиса Ҷӯраев Нуриддин, зодаи ноҳияи Данғара буда, тайи чанд соли ахир дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонуни маводи мухадири шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак фаъолият доштааст.