Мақомоти Ироқ мегӯянд, гурӯҳҳои мусаллаҳи шиамазҳаб ва размандагони пешмаргаи курд ба шаҳри шианишини Амирлӣ ворид шуданд, ки ду моҳ боз дар муҳосираи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ буд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Амирлӣ ва афсарон, нерӯҳои давлатӣ рӯзи 31-уми август муҳосираи тундравони исломиро шикастанд. Амалиёт барои вуруд ба шаҳри Амирлӣ баъд аз чанд рӯзи омодагӣ рӯзи 30-уми август шурӯъ шуд. Муҳосираи тӯлонӣ ҳазорон нафар дар шаҳри Амирлиро беоб ва маводи ғизоии кофӣ гузошт. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки рӯзи 30 август ба се мавзеъи тундравон дар Амирлӣ аз ҳаво зарба зада ва барои мардуми мӯҳтоҷ кӯмакҳои башарӣ партоб кардаанд.