Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Русия ба умури Украина дахолат намекунад"


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш ба умури дохилии Украина дахолати низомӣ нахоҳад кард. Аммо ҳукумати Киев ва кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, ки Русия кайҳост, ки дар муноқишаи Украина дахолат мекунад. Сергей Лавров рӯзи якуми сентябр дар мулоқот бо донишҷӯёни бахши равобити хориҷӣ гуфт, Русия дар муноқишаи ҷудоихоҳон ва нерӯҳои Украина “дахолати низомӣ” нахоҳад кард. Аз моҳи апрел то кунун дар ҷанги ҷудоихоҳони Русиягаро ва нерӯҳои давлатии Украина бештар аз 2600 нафар кушта шудаанд. Паймони НАТО чанде пеш гуфт, ки ҳудуди 1000 сарбози рус дар қаламрави Украина қарор доранд. Сергей Лавров дар нишасте дар шаҳри Минск гуфт, тарафҳо бояд дар пайи созиши оташбас шаванд. Ӯ афзуд, созиши оташбаси фаврӣ зарур аст, вале ба қавли ӯ пешниҳоди оташбаси Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ин аст, ки ҷудоихоҳон халъи силоҳ шаванд ва иҷоза бидиҳанд, ки онҳоро маҳв кунанд.

XS
SM
MD
LG