Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозу: "Ҷанги сард"-и нав барои Аврупо фалокатбор хоҳад шуд


Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо, ҳушдор дод, бӯҳрони Украина ба нуқтае наздик шудааст, ки баргашт аз он ғайримумкин хоҳад шуд. Ӯ дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар Брюссел рӯзи шанбе, 30 август, гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав таҳия мекунад, то ки Маскавро барои гуфтушунид оид ба коҳиш додани низоъ дар шарқи Украина водор созад.

Раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо хостори таниши бештар бо Русия нест, зеро “ҷанги сард”-и нав барои ҳама қораи Аврупо фалокатбор хоҳад шуд. Петро Порошенко, дар навбати худ, таҷовузи Русияро маҳкум кард ва гуфт, ки айни ҳол дар қаламрави Украина ҳазор низомии хориҷӣ ва садҳо танку зиреҳпӯш мустақар шудаанд.

Қарор аст, ки шоми шанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел пешниҳоди вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия дар робита ба аъмолаш дар Украинаро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG