Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алҷазоир ҷасади се сарнишини АН-12 ошкор шуд


Ҳавопаймои АН-12 (Акс аз бойгонӣ)
Ҳавопаймои АН-12 (Акс аз бойгонӣ)

Дар ҷануби Алҷазоир, дар макони суқути ҳавопаймои боркаши украинии АН-12, рӯзи шанбе ҷасади се нафар ошкор шуд. Сарнавишти чаҳор нафари дигар маълум нест. Ба иттилои мақомоти Алҷазоир, сарнишинҳои ҳавопаймо шаш шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Русия буданд.

Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад.

Бар пояи иттилои пешакӣ, АН-12 бар асари мушкилоти фаннӣ суқут кардааст.

Ҳавопаймо рӯзи 30 август аз шаҳри Таманрассети Алҷазоир сӯи Гвенияи Экваторӣ парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG