Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лесото низомиён ҳукуматро сарнагун карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шоҳигарии Лесото дар ҷануби Африқо табаддулоти низомӣ рӯй дод. Ба иттилои хабаргузории AFP, низомиён ҳукуматро сарнагун карда, бархе аз биноҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, раёсати полиси давлатиро таҳти назорат гирифтанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки аз маркази шаҳри Масеру, пойтахти Лесото, садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Робитаи телефонӣ ва пахши барномаҳои радиоӣ қатъ шудааст.

Дар Лесото, ки чун ҷазирақаламрав дар дохили Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ҷойгир шудааст, тақрибан 2 миллион нафар ба сар мебаранд. Дар ин шоҳигарӣ баъди дарёфти истиқлол аз Бритониё дар соли 1966 чандин бор табаддулоти ҳарбӣ рӯй додааст.

XS
SM
MD
LG