Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон сомонаи расмии худро бо забони тоҷикӣ ба таври тестӣ фаъол кардааст. Дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Душанбе зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз таърихи 28 август ба забони давлатӣ ба таври тестӣ бо тарзи тестӣ ба кор шуруъ кард. Ба иттилои ин манбаъ айни замон сомона бо ду забон - тоҷикӣ ва инглисӣ фаъол буда, кор дар самти мукаммалгардонии он давом дорад. Алоқамандону корбарандагон метавонанд сомонаи тоҷикии сафорати ИМА дар Тоҷикистонро бо ин нишонӣ пайдо кунанд: http://tjus.org/tj. Зимнан, сафорати ИМА аз аввалин ниҳодҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар авоили солҳои даҳаи 1990 ба фаъолият оғоз кардааст.