Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, мегӯяд, Русия дар дохили Украина “фаъолияти бевоситаи низомӣ” пеш мебарад ва иддаоҳояш ҳам дар бораи даст надоштан дар муноқиша пуч аст. Ӯ баъди нишасти фавқуллодаи сафирони кишварҳои узви НАТО дар Брюссел гуфт, “ҳоло возеҳ шудааст, ки нерӯҳову ҷангафзорҳои Русия ғайриқонунӣ марзи Украинаро убур кардаанд”, ки ин як тамоюли хатарнок барои ноором кардани Украина ва беэҳтиромии ошкор ба истиқлоли ин кишвар аст. Ба гуфтаи Андерс Фог Расмуссен, Русия ҷудоихоҳони тарафдори ин кишвар дар Украинаро бо тӯпхона таъмин кардааст ва алайҳи сарбозони Украина ҳам аз қаламрави ин кишвар ва ҳам аз қаламрави Русия ҳамла кардааст. Русия мегӯяд, ин ҳама тахминзаниҳои сатҳии НАТО аст. Дигар ин ки Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина рӯзи 29-уми август гуфт, ки аз порлумон мехоҳад, роҳро барои пайвастани кишвараш ба НАТО ҳамвор кунад.