Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷанги Украина 2600 тан кушта шудаанд


Созмони Милал бо нашри гузориши наве гуфт, ки дар ҷанги Украина то кунун тақрибан 2600 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи созмон дар ҷараёни муноқиша “нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон”, аз ҷумла одамрабоӣ ва шиканҷа бахусус аз тарафи ҷудоихоҳони Русиягаро мушоҳида шудааст. Дар гузориши Кумиссиёни Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, ки рӯзи 29-уми август дар Киев ва Женева муаррифӣ шуд, ҳамчунин мавридҳои нақзи ҳуқуқи сарбозони украинӣ ҳангоми ишғоли манотиқи тасарруфкардаи ҷудоихоҳон зикр шудааст. Ба гуфтаи Созмони Милал, теъдоди қурбониёни ҷанг аз он сабаб босуръат зиёд мешавад, ки ҷангҳо дар минтақаҳои серодам сурат мегиранд. Рӯзона то 36 нафар дар ин ҷангҳо кушта мешудаанд. Бар тибқи ин гузориш маълум нест, ки чанд нафар дар асорат ҳастанд, вале ба гуфтаи ҳукумати Украина то рӯзи 17-уми август 468 нафар дар асорати гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ будаанд. Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал, гуфт, “барқасдона ҳадаф гирифтани ғайринизомиён, нақзи қонунҳои байналмилалии башарӣ аст ва бояд барои муҳофизати онҳо кори бештар анҷом бигирад”.

XS
SM
MD
LG