Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се миллион нафар аз Сурия фирор кардаанд


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҷанги дохилӣ дар Сурия сабаби фирори 3 миллион нафар аз ин кишвар шудааст ва як миллион нафар бештар аз як соли пеш. Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар Умури Паноҳандагон рӯзи 29-уми август гуфт, ҷанг шашуним миллион нафари дигарро дар дохили Сурия беҷо кардааст. Антонио Гутеррес, раиси ин муассисаи имдодии Созмони Милал дар баёнияи катбӣ дар ин бора гуфт, бӯҳрони Сурия “бузургтарин бӯҳрони башарӣ дар даврони мо” шудааст. Баъд аз оғози ҷанг дар моҳи марти соли 2011 тақрибан нисфи аҳолии Сурия хонаҳояшонро тарк кардаанд. Аҳолии Сурия пеш аз ҷанг 23 миллион нафарро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG