Ҳукумати Украина гуфт, тақозои Владимир Путин ҷиҳати боз кардани гузаргоҳ барои раҳоии сарбозони дар муҳосирамондаи украинӣ нишондиҳандаи даст доштани Русия дар муноқиша аст. Дар баёнияи расмии артиши Украина аз рӯзи 29-уми август омадааст, ки баёнияи Владимир Путин танҳо далели он аст, ки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина “аз Кремл раҳбарӣ ва идора мешаванд”. Раиси ҷумҳури Русия аз ҷудоихоҳон ба қавли ӯ “Новороссия” хост, бо боз кардани гузаргоҳе иҷоза диҳанд, то ки сарбозони дар муҳосирамондаи Украина беосеб берун шаванд. Сафирони кишварҳои узви НАТО рӯзи 29-уми август дар шаҳри Брюссел бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ мекунанд. Рӯзе пештар аз ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки Русия мустақиман дар низоъи Украина даст дорад. Ба гуфтаи паймони НАТО, камаш 1000 сарбози рус дар ҷанги Украина ширкат доранд ва аксҳои моҳвораиро нашр кард, ки тонку тупхонаҳои русиро нишон медиҳанд.