Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаб Тайиб Эрдуғон савганд ёд мекунад


Раҷаб Тайид Эрдуғон, рӯзи панҷшанбе, 28 август, дар Анқара ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Туркия савганд ёд мекунад. Ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки бори аввал аз тариқи раъйдиҳии оммавии мардум баргузор шуд, пирӯзӣ ба даст овард. Аз ин пеш Эрдуғон тайи 11 сол нахуствазири Туркия буд.

Қарор аст, ки дар маросими савгандёдкунӣ сарони чанд кишвари ҳамсоя ва дӯсти Туркия ширкат кунанд. Миёни меҳмонони маросим сарони давлатҳои Аврупои ғарбӣ нестанд, аз Амрико сафири кишвар дар Туркия намояндагӣ хоҳад кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки мехоҳад бо вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ ваколатҳои раисиҷумҳурро афзоиш диҳад ва мақоми ташрифотии онро аз байн бубарад. Мухолифини Эрдуғон мегӯянд, ки ба ин васила ӯ мехоҳад ба як роҳбари мустабид табдил шавад.

Қарор аст, ки вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу дар курсии нахуствазирӣ нишинад.

XS
SM
MD
LG