Мақомоти Украина Русияро дар ҳамлаи низомӣ ба қаламрави кишвар айбдор карданд. Мушовири вазири умури дохилии Украина Зорян Шкиряк рӯзи панҷшанбе, 28 август, хабар дод, ки ин ҳамла дар чанд самт идома дорад ва гуфт, ҳадафи Ситоди Генералии артиши Русия тақсиму аз ҳам дур кардани нерӯҳои ҳукуматии Украина ва таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор қарор додани мавзеъҳои гуногуни Донбасс мебошад.
Ба иттилои хабаргузориҳо, ахиран ҷудоихоҳон шаҳри Новоазовскро таҳти назорат қарор доданд ва сӯи шаҳри Мариупол ҳаракат мекунанд. Хабарнигори рӯзномаи New York Times Эндрю Креймер хабар дод, ки тонкҳо ва тӯпхонаи Русия аз марз убур карда, нерӯҳои украиниро барои ақибнишинӣ дар ҳама самтҳо маҷбур сохтанд. Владимир Шилов, афсари баталёни “Днепр-1”, дар сӯҳбат бо телевизиони “Канали 5” гуфт, ки шаҳри Новоазовск аз сӯи нерӯҳои Русия забт шуда, дар атрофаш тонкҳо камин гирифтаанд, ба мардуми маҳаллӣ берун рафтан аз шаҳр манъ шудааст.
Шаҳрдори Новоазовск ҳам вуруди ҷудоихоҳонро ба шаҳр тасдиқ кард. Хабаргузории Франс Пресс рӯзи панҷшанбе навишт, ки артиши Украина аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардааст. Новоазовск дар 15-километрии марзи Русия ва 44-километр дуртар аз Мариупол ҷойгир шудааст.
Айни ҳол даргириҳои шадид дар канори шаҳри Иловайски вилояти Донетск ва дар наздикиҳои шаҳри Луҳанск идома доранд. Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки ҳамлаи ҷавобии ҷудоихоҳон бо кӯмаки Русия идома меёбад. Маскав инро рад мекунад.