Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Эрону Арабистон "созанда" будааст


Амир Абдуллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, мулоқоташ бо Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ “мусбат ва созанда” будааст. Баъди ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар соли гузашта, бори аввал аст, ки мақомоти Эрон ва Арабистони Саудӣ дар чунин сатҳи баланд гуфтугӯ мекунанд. Амир Абдуллоҳиён рӯзи 27-уми август ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ду тараф ба “зарурати боз кардани саҳифаи нав дар муносиботи сиёсӣ” таъкид кардаанд. Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Эрон, зуҳури гурӯҳи тундрави Давлати Исломии Ироқ ва вазъ дар Навори Ғазза низ баррасӣ шудааст. Байни Эроним шиамаҳзаб ва Арабистони Саудии суннинишин , беэътимодӣ вуҷуд дорад ва ҷанг дар Сурия муносиботи ду тарафро бадтар кардааст. Арабистони Саудӣ дар ин ҷанг шӯришиён ва Эрон аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG