Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадpӣ дар сохторҳои қудратӣ


Дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, умури дохила ва Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқоунунии маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 27 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзӣ сешанбе дар ҳайати Оҷонсӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад, ки бар пешниҳоди раиси ин ниҳод Рустам Назаров, полковник Абдулҳамид Норзода ба вазифаи сардори Ситоди Оҷонсӣ таъин шудааст. Ҳамчунин полковник Зафар Сайфуллозода ба вазифаи сардори Раёсати сайёри зудамал мансуб шуда, полковник Миралӣ Хайруллозода сардори раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Зимнан, Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо пахши як хабар рӯзи сешанбе аз тағйироти кадрӣ дар ҳайати мақомоти амният ва умури дохила хабар дода буд. Кадрҳои тозатаъинро дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, «аз онҳо талаб кардааст, ки содиқонаю софдилона хизмат намуда, ҳифзи манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузоранд.»

Аммо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохила аз додани иттилоъ дар робита ба тағироти кадрӣ дар суфуфи худ худорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG