Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Порошенко дасти ҳамдигарро фишурданд


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина ва ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи 26 август, қабл аз шурӯи музокироти чандҷониба дар шаҳри Минск дасти ҳамдигарро фишурданд.

Сарвари Украина қабл аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко изҳори умедворӣ намуд, ки нишасти Минск ба истиқрори сулҳ дар Украина мусоидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, "агар мову шумо, ҳамроҳ бо дигар ҳамкоронамон, созише ҳосил кунем, ки тавонад ба сарзамини Украина сулҳ оварад, ин, аз нигоҳи ман, як рӯйдоди сарнавиштсоз хоҳад буд".

Қарор аст, ки Петро Порошенко дар чаҳорчӯби нишасти Минск бо раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам мулоқот кунад.

Аз ин пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки интизор меравад дар чаҳорчӯби музокироти намояндагони Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи гумрукӣ оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар Украина мулоқоти Владимир Путин ва Петро Порошенко баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, сарони ду кишвар масоили марбут ба оташбас ва вазъи башарӣ дар шарқи Украина, робитаҳои дуҷониба ва паёмадҳои иқтисодии аз сӯи Киев тасвиб шудани созиши ҳамбастагӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард.

Нахустин мулоқоти Путин ва Порошенко 6 июн дар Нормандияи Фаронса баргузор шуда, 15 дақиқа идома карда буд.

Дар нишасти Минск раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Кэтрин Эштон ва раҳбарони Комиссиюнҳои энерҷӣ ва тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG