Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯри арӯсӣ дар Миср ба мотам табдил шуд


Садамаҳои нақлиётӣ дар Миср зиёд рӯй медиҳанд (акс аз бойгонӣ)
Садамаҳои нақлиётӣ дар Миср зиёд рӯй медиҳанд (акс аз бойгонӣ)

Дар наздикиҳои шаҳри Луксори Миср рӯзи сешанбе, 26 август, ду автобуси хурди мусофирбар ба ҳам бархӯрда ба рӯдхона сарозер шуданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилои ахир, 19 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешавад, ки аксари қурбониёни ҳодиса ширкаткунандагони як маҳфили арӯсӣ буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Миср, фоҷиа бар асари он рӯй дод, ки ду микроавтобус талоши аз ҳамдигар пеш гузаштан карданд. Шаш нафар то ҳол беному нишонанд.

Тақрибан як ҳафта пеш бар асари ба ҳам бархӯрдани ду автобус дар нимҷазираи Синойи Миср дасти кам 38 нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG