Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анхел Ди Мария ба дастаи "Манчестер Юнайтед" мегузарад


Бозигари дастаи “Реал”-и Мадрид Анхел Ди Мария шояд рӯзҳои наздик аз сӯи дастаи “Манчестер Юнайтед” бозӣ кунад.

Нашрияи Sky Sport Italia рӯзи 25 август хабар дод, ки клуби футболи Англия ахиран омодагияш барои пардохти 90 миллион евро ба “Реал”-ро таъйид кард. Ба иттилои ин нашрия, ин қарордод, ки бузургтарин трансфер дар таърихи чемпионати Англия хоҳад буд, рӯзҳои наздик ниҳоӣ мешавад.

Рӯзи якшанбе сармураббии “Реал”-и Мадрид Карло Анчелоттӣ тасдиқ кард, ки Анхел ди Мария дастаро тарк мекунад. Ҳамчунин хабар расид, ки Ди Мария дар “Манчестер Юнайтед” зери рақами 7 бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG