Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филме дар бораи Тоҷикистон ҷоиза гирифт


Як филми кӯтоҳ дар бораи занони танҳомондаи муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо бинандаи зиёд пайдо кардааст. Филми 20 дақиқаии Элиза Лейкер, филмсози ҷавони бритониёӣ бо номи "Паси фармон" достони воқеии як зани узбактабори Тоҷикистон аст, ки баъди муҳоҷирати шавҳараш ба Русия ва пул нафиристодани ӯ, зиндагии чапаву рост мешавад ва худаш барои таъмини рӯзгор касби таъмиргари чархи мошинро пеша мекунад. Филми “Паси фармон” рӯи 30-уми июл дар ҷашнвораи филми “Садои занон” ҷоизаи беҳтарин филми донишҷӯро соҳиб шуд. Нигора, қаҳрамони филм, ки дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад, ду фарзанд дорад ва мегӯяд, ӯро барои кораш дар маҳалла “танк ва ё “зани оҳанин” ном мебаранд. Нигора дар ин филм дар бораи сахтиҳои кашидааш мегӯяд ва меафзояд, ки ягона ҳадафаш дуруст тарбия кардани духтару писар ва ба зиндагии дуруст ҳидоят кардани онҳост. Филми мазкурро Элиза Лейкер соли 2013 дар Тоҷикистон бардоштааст.

XS
SM
MD
LG