Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия корвони дуввуми "башари"-ро ба Украина мефиристад


Русия ба зудӣ корвони дуввум бо кӯмаки башариро ба Украина мефиристад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 25 август дар як нишасти хабарӣ дар Маскав иттилоъ дод ва афзуд, ки мақомоти Русия дар ин маврид Киевро дар ҷараён гузошта, хостори ҳамкорӣ шудаанд.

Даҳҳо мошини боркаш рӯзи 12 август аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ сӯи шарқи Украина роҳ гирифтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, дар ин корвон барои мардуми вилояти Луҳанск маводи озуқа, дорувор, бистари хоб ва генераторҳои барқӣ интиқол ёфт. Мошинҳо фақат пас аз даҳ рӯз баъд аз он вориди манотиқи шарқии Украина шуданд, ки Маскав Киевро дар эҷоди монеъаҳои сунъӣ дар роҳи корвон бо кӯмаки башарӣ айбдор намуд ва эълом дошт, ки аз интизории зиёд хаста шудааст.

Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 22 август изҳор намуд, ки вуруди ин корвон бидуни раҳбаладии Кумитаи Салиби Сурх хилофи қавонини байнулмилалист. Ба гуфтаи ӯ, кормандони Салиби Сурх кафолати ҷудоихоҳон барои оташбас дар роҳи корвон бо кӯмаки башариро дастрас накарданд ва аз ин рӯ аз раҳбаладии корвон худдорӣ намуданд. Кишварҳои ғарбӣ ҳам вуруди корвон ба шарқи Украина бидуни ризояти Салиби Сурхро маҳкум карданд. Киев ва Ғарб ҳадс мезаданд, ки Русия бо баҳонаи кӯмаки башарӣ барои ҷудоихоҳон силоҳ мебарад.

Сергей Лавров изҳори умедворӣ кард, ки корвони навбатӣ бо кӯмаки башарӣ ҳангоми вуруд ба Украина ба мушкил мувоҷеҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ,.бӯҳрони башарӣ дар шарқи Украина рӯз то рӯз бадтар мешавад, зеро ҷудоихоҳону нерӯҳои украинӣ ба оташбас даст наёфтааанд.

Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ки корвони мошинҳо аз шарқи Украина ба Русия холӣ баргаштааст.

XS
SM
MD
LG