Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW раҳпаймоии таҳқиромези сарбозони украиниро маҳкум кард


Созмони Human Rights Watch “парад”-и низомиёни асируфтодаи украиниро, ки ҷудоихоҳони рустабор рӯзи якшанбе дар маркази шаҳри Донетск ташкил карданд, хилофи қавонини байнулмилалӣ хонд.

Рэйчел Денбер, муовини раиси бахши минтақаии Human Rights Watch, рӯзи 25 август дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “раҳпаймоии сарбозони украинӣ дар Донетск ва нақзи конвенсияи Женева оиди бархӯрд бо асирон ва таҳқири шанъи инсонӣ аст".

Рӯзи якшанбе ҷудоихоҳони рустабор гурӯҳи асирони ҳарбии украиниро ба хиёбон бароварда, инро посух ба таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Украина дар Киев ва дигар шаҳрҳои кишвар номиданд. 23 сол пеш Украина аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуд.

Ба навиштаи расонаҳо, сокинони шаҳри Донетск асирони украиниро, ки дар иҳотаи ҷудохоҳони мусаллаҳ қадам мезаданд, таҳқир карда, онҳоро, аз ҷумла, “фашист” мехонданд ва сӯи онҳо шишаи холиву ахлотпораҳоро меандохтанд.

XS
SM
MD
LG