Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду миллион сомонии "Амонтабонк"-ро дуздидаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон, мудири яке аз шӯъбаҳои "Амонатбонк"-ро ба таққалубкорӣ ва аз худ кардани пули зиёди давлат муттаҳам кардаанд. “Амонатбонк” бонки давлатии Тоҷикистон аст. Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 22-уми август хабар дод, ки Умаралӣ Мирзоев, мудири шӯъбаи минтақавии бонк дар Рашт, тӯли солҳои 2012-2013 аз роҳи сохтакории санадҳо тақрибан 2 миллион сомонии бонкро дуздида барои эҳтиёҷоти худаш сарф кардааст. Дар баёнияи катбии маркази матбуоти оҷонси аз рӯзи 22-уми август омадааст, ки Умаралӣ Мирзоев, барои пинҳон кардани ҷинояташ, ба номи 91 сокини минтақа санад сохтааст, ки гӯё аз бонк ба маблағи тақрибан 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарзи нақдӣ гирифтаанд. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати Умаралӣ Мирзоев идома доштааст, вале оҷонсӣ нагуфтааст, ки ӯ дар боздошт аст ва ё озодӣ.

XS
SM
MD
LG