Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ҳавопаймои ҷосусии Исроилро маҳв кард


Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, як ҳавопаймои бесарниши Исроилро, дар ҳарими ҳавоии кишвар ва дар наздикии таъсисоти ғанисозии ураниуми Натанз сарнагун кардааст. Дар баёнияи расмӣ дар ин бора, ки рӯзи 24-уми август нашр шуд, омадааст, ҳавопаймои бесарнишини ҷосусиро ҳангоми парвоз дар наздикии Натанз маҳв кардаанд. Сипоҳи Посдорон ин ҳодисаро «моҷароҷӯи нави» Исроил хондааст. Натанз таъсисоти аслии ғанисозии ураниум дар Эрон аст ва дар он метавонанд, ураниуми ғализ тавлид кунанд. Ураниуми ғанишуда ҳамчун сӯхт барои нерӯгоҳҳои атомӣ ба кор меравад. Исроил иддао мекунад, ки Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад ва таҳдид кардааст, ки таъсисоти атомии Эронро нобуд мекунад.

XS
SM
MD
LG