Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон истиқлолиятро ба мардуми Украина табрик гуфт


Бино бар хабари расмии дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Украина дар қатори сарварони кишварҳои ҷаҳон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи истиқлолиятро ба мардуми Украина шодбош гуфтааст.

Хабаргузории давлатии Украина УНИАН иттилоъ дод, ки раҳбарони кишварҳои хориҷӣ бо шодбоши истиқлолияти давлатии Украина ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар Петр Порошенко барқияҳои табрикӣ фиристодаанд. Дар феҳрасти онҳо, дар як саф бо раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ номи президенти Тоҷикистон низ ҳаст. Дар ҳоле ки дар он сарони қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон номбар шудаанд, аз кишварҳои Шӯравии пешин танҳо номи президентҳои Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад. Зоҳиран раҳбарони давлатҳои дигар ва бахусус Русия иди миллии Украинаро ба мардум он табрик нагуфтаанд. Барқияи раисиҷумҳури Тоҷикистон то ин лаҳза дар торнамои расмии ӯ нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG