Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Афғонистон ба кор шурӯъ мекунад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки президенти нави кишвар рӯзи 2-уми сентябр расман ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад. Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 23-август бо нашри баёнияи катбие гуфт, ки ҳукумат “барои баргузор кардани маросими адои савганди раиси ҷумҳури нав дар рӯзи 2-уми сентябр комилан омода шудааст” ва ин санаро тағйир намедиҳад. Баёнияи мазкур дар ҳоле нашр шуд, ки бозшумории орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 14-уми июн то кунун анҷом наёфтааст. Ду номзади рақиб дар ин корзор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай чанде пеш бо имзои мувофиқатномае гуфтанд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил мекунанд. Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон то кунун 60 дар сади орои интихоботро аз нав шумурдааст. Пеш аз нашри баёния Ҳомиди Карзай, бо Ян Кубиш раиси дафтари Созмони Милал дар Кобул мулоқот дошт.

XS
SM
MD
LG