Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҳосили гандум дар Тоҷикистон 3% бештар шудааст


Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки имсол ҳосили ғалла дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта 3 дарсад бештар хоҳад шуд.

Бино бар пешбиниҳои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳосили гандуми Тоҷикистон дар соли 2014 наздик ба 800 000 тоннаро ташкил хоҳад дод. Намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷамъоварии ҷаву гандум дар Тоҷикистон ба поён расида, ҳоло гирдоварии ҳосили ҷуворимакка ва шолӣ оғоз гирифт, ки дар охири моҳи сенбтябр ба поён мерасад.

Афзоиши седарсадии ҳосили гандумро дар Тоҷикистонро дар соли равон Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ ба обуҳавои мусоиди давраи нашъунамои зироат бастагӣ додааст. Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, дар соли 2014 боронгарӣ каме бештар аз ҳадди миёна буд ва ҳамчунин шабакаи обёрӣ, ки дар бисёре аз минтақаҳо навсозӣ шудааст, имкон дод, зироат аз об таъмин гардад.

“Бо назардошти шароити феълӣ барои киштҳои зимистонӣ ва баҳорӣ, дар соли 2014 ҷамъи ҳосили зироатҳои ғалладона дар Тоҷикистон ба 1,13 миллион тонна хоҳад расид, ки каме бештар аз сатҳи соли гузаштааст,” – гуфта мешавад дар гузориши Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ.

Ба эҳтимоли зиёд ин гузориши Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ бар пояи арқоме омода шудааст, ки ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба он пешниҳод мекунанд. Гузориши нав дар ҳоле нашр мешавад, ки аввали соли равон мақомоти Тоҷикистон аз ҳосили рекордии картошка дар кишвар хабар доданд, аммо дертар ошкор шуд, ки ин арқом чандон комил нестанд ва нархи ин навъи маҳсулот дар кишвар ба маротиб боло рафт.

Қосим Қосимов , вазири кишоварзии Тоҷикистон моҳи январи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "кишоварзони тоҷик як миллиону 115 ҳазору 500 тонна картошка истеҳсол карданд ва ин рақам дар қиёс ба як сол пеш 396,3 ҳазор тонна бештар аст." Вале ҳангоме ки бозор бо камбуди сахти картошка ва афзоиши бесобиқа нархи он рӯбарӯ шуд, вазорат гуфт, қисми зиёди ин навъи маҳсулот ба хориҷ экспорт шудааст.

Ҳосили ғалладона яке аз бахшҳои муҳими барномаи давлатии амнияти озуқавист ва ҳукумати Тоҷикистон ба он талош дорад, ки аҳолиро бо ин навъи маҳсулот пурра таъмин намояд. Ин дар ҳолест, ки соли равон Русия ва Қазоқистон низ ҳосили рекордӣ ба даст оварда, ҳарду аз содиркунандагони асосии орду гандум ба Тоҷикистонанд.

XS
SM
MD
LG