Дар силсилаи ҳамлаҳо дар Ироқ рӯзи 24-уми август дасти кам 34 нафар кушта шуданд. Аз ҷумла як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба идораи хадамоти махсуси Ироқ дар шаҳри Бағдод равон кард ва 3 нафарро кушту 9 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Дар шаҳри Бақуба дар 60 километрии шаҳри Бағдод дар ҷанг миёни нерӯҳои пулис ва тундравони Давлати Исломии Ироқ 13 нафар кушта шуданд. Дар ду бомбгузории интиҳории дигар дар шаҳри Киркук 18 нафар, ҷон додаанд. Ба гуфтаи матбуоти маҳҳалӣ, дар ин ҳамла 100 тани дигар аз ҷумла нерӯҳои пешмаргаи курд захм бардоштаанд. Айни замон нерӯҳои Ироқ саъй доранд, манотиқи шимолии кишварро аз дасти ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ озод кунанд.