Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо тазоҳургарони Покистон ҳосил надод


Даври дигари гуфтугӯҳо барои поён додан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Покистон бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ҳазорон нафар дар Исломобод бо раҳбарии Имрон Хон, чавгонбози собиқ ва сиёсатмадори мухолифи давлат ҳамроҳ бо Тоҳир Қадрӣ, як рӯҳонии шӯҳратталаби Покистон бештар аз як ҳафта аст, тазоҳурот мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Рӯзи 23-уми август ҳайати ҳукумат бо намояндагони Ҳизби Таҳрики Авоми Покистон ба раҳбарии Тоҳир Қадрӣ дар бораи бӯҳрони сиёсӣ гуфтугӯ кард, вале аз ин муколама чизе ҳосил нашудааст. Мулоқоти намояндагони ҳукумат бо ҳайати Ҳизби Таҳрики Инсофи Имрон Хон дар рӯзи 22-уми август низ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

XS
SM
MD
LG