Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалкардҳои Русия Амрикову Олмонро нигарон кардааст


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз амалкардҳои Русия дар дохили Украина изҳори нигаронӣ карданд. Ҳукумати Амрико рӯзи 22-уми август гуфт, ки раҳбарони ду кишвар гуфтаанд, ки ҳузури сарбозони Русия дар марзи Украина, тирандозии онҳо ба Украина, нишондиҳандаи шиддат бахшидани муноқиша аз тарафи Русия аст. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Обама ва Меркел гуфтаанд, ки беиҷоза ба Украина ворид шудани корвони кӯмакҳои башарии Русия як иғвои дигари Маскав ва беэҳтиромӣ ба истиқлолияти Украина аст. Онҳо аз Русия хостаанд, корвони мошинҳоро аз Украина берун кашад. Раҳбарони Амрико ва Олмон рӯзи 22-уми август дар ин бора гуфтугӯ кардаанд. Қарор аст, шоми 23-уми август Ангела Меркел ба Киев сафар кунад.

XS
SM
MD
LG