Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бо суръат симои худро дигар мекунад.

Давоми чанд соли ахир дар симои зоҳирии пойтахти Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуҷуд омадааст. Бунёди биноҳои нав, зерзаминҳо, васеъ кардани роҳҳо, аз байн бардоштани биноҳҳои кӯҳна ва бунёди иншооти нав дар ивази онҳо, симои шаҳрро дигаргун кардааст.

Бахшҳое аз шаҳр дар муқоиса ба 15-20 соли қабл комилан тағйир карда ва афроде, ки чанд сол дар пойтахт набудаанд, бо сайругашт дар хиёбонҳои шаҳр ин тағйиротро ба хубӣ эҳсос мекунанд.

Бунёди Парки Рӯдакӣ, Осорхонаи Миллӣ, Китобхонаи Миллӣ, Қасри Миллат, Боғи Парчами Миллӣ, меҳмонхонаҳои "Serena" ва Hayyat Regency", Тахти Наврӯз, Боғи Пойтахт, Душанбе Плаза, аз ҷумлаи бузургтарин иншооте ҳастанд, ки дар симои пойтахти давлати тоҷикон дигаргунӣ ба вуҷуд овардаанд.

Дар навори зерин намунае аз ин тағйироти қобили мулоҳиза дар Душанбеи имрӯзаро бубинед:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG