Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳои қурбониёни суқути Боингро ба Малайзия оварданд


Ҷасади 20 шаҳрванди Малайзия, ки каме бештар аз як моҳ қабл бар асари суқути Боинг-777 дар шарқи Украина ба ҳалокат расида буданд, рӯзи ҷумъа, 22 август, тавассути ҳавопаймои махсус аз Амстердам ба Куала-Лумпур интиқол ёфт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҷанозаи 11 мусофир ва 9 узви экипаж ба Малайзия оварда шудааст. Дар ин фоҷиа 43 шаҳрванди Малайзия ҷон бохтаанд, ҳуввияти 30 нафари онҳо шиносоӣ шудааст.

Дар маросими мотам дар фурудгоҳи байнулмилалии Куала-Лумпур шоҳи Малайзия Абдул Ҳалим Муадзам Шоҳ, нахуствазир Наҷиб Раззоқ ва даҳҳо мансабдорони воломақом ширкат доштанд.

22 август дар Малайзия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. 195 нафари мусофирон шаҳрвандони Ҳуланд буданд. Русия ва Украина ҳамдигарро дар даст доштан дар ин фоҷиа айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG