Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон қатли золимонаи хабарнигорро маҳкум кард


Ҷомеаи байналмилалӣ қатли золимонаи Ҷеймс Фоли хабарнигори амрикоӣ аз тарафи ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқро маҳкум кард. Ҳукумати Амрико гуфт, агар видеои сар буридани хабарнигор воқеӣ бошад, “ваҳшатзада” хоҳад шуд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё аз рухсатиаш баргаштааст, то маълум кунанд, ки қотили Ҷеймс Фоли, ки дар видеои қатли хабарнигор бо лаҳни бритониёӣ сӯҳбат мекард, кист. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, дар сурати воқеъӣ будани видео, “қатли нафратангез, симои ҳақиқии хилофати барбариятро” нишон хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Фаронса низ даъват кард, барои баррасии шеваҳои муқобила бо Давлати Исломии Ироқ як конфронси байналмилалӣ даъват шавад. Франк Валтен Штенмайер, вазири умури хориҷии Олмон гуфт, кишвараш омода аст, дар ҷанг ба зидди барбариҳои гурӯҳи тундрав ба курдҳои Ироқ аслиҳа бидиҳад. Ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломии Ироқ видеоеро нашр карданд, ки сар буридани як хабарнигори амрикоиро нишон медиҳад. Ҷеймс Фолиро соли 2012 афроди номаълуми мусаллаҳ дар Сурия рабуданд.

XS
SM
MD
LG