Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тоҷикро дар Узбакистон дастгир кардаанд


Мақомоти амниятии Узбакистон мегӯянд, се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи миқдори зиёди афюн дастгир кардаанд. Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон рузи 20-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ин се нафар узви як гурӯҳи қочоқбаре будаанд, ки дар ноҳияи Бекободи ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъолият мекард. Як узви дигари ин гурӯҳ шаҳрванди Узбакистон будааст. Ба қавли мақомоти амниятии Узбакистон аз дасти ин гурӯҳ 100 кило афюн мусодира карданд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Узбакистон, соли 2013, 24 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар қаламрави он кишвар дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG