Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Фаронса алайҳи футболбоз парванда боз мекунад


Полиси Фаронса шояд алайҳи ҳамлагари дастаи "Бастия" Брандао, ки бинии футболбози дастаи "Пари Сент-Жермен" Тиаго Моттаро шикастааст, парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Дар ин бора рӯзи душанбе нашрияи "Франсе Футбал" хабар дод.

Ин ҳодиса рӯзи 16 август рӯй дод. Брандао баъд аз бозӣ дар беруни майдон Моттаро интизор шуд ва бо каллаш ба рӯи ӯ зада бинияшро хуншор аст. Баъд аз ҳамла ӯ зуд ҷойи ҳодисаро тарк намуд.

Дастаи "Бастия" аз ин амали ҳамлагараш Брандао сахт нороҳат шудааст ва дар андешаи лағви қарордод бо ӯст. Ҳадс зада мешавад, ки ба ҳар сурат Брандао барои ду соли оянда аз ҳаққи вориди майдони футбол шудан маҳрум хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG